ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ТИ ҲИЗБИИ “МАҲАЛЛАИ №9” - и НОҲИЯ

Темурмалик:  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии Маҳаллаи №9 Манонова Тахмина дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Маҳаллаи №9” – и ноҳия вохурӣ баргузор гардид.Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба самтҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳо намуда, шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.  Дар идома масъулин оид ба масъалаҳо аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, ҷиҳати ба сафи ҳизб қабул намудан, ба ду нафар кормандони, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9”–и ноҳия ки ба сафи хизб аъзо шуданд шаходатномаҳои ҳизбияшонро дар вазъияти тантанавӣ такдим намуданд.