ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ОМИЛИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМИ КИШВАР

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик шахси хоксору меҳнаткаш, зиндадил Ташрипов Бурихон зиндагони намуда, супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди самаранок истифода бурдани замини назди ҳавлигиро иҷро намуда ин шахсият дар замини наздиҳавлигӣ худ, ки 4-сотих аст, зиёда аз 10-намуди полезиҳо шинонидааст, ки айни ҳол заҳматҳои кашидааш омода шуда, ба бозор барои фурӯш мебарорад. Ва дар пушти хонаи худ дарахтҳои сояаафкану ҳамешасабз шинонида, дар байни дарахтон гулҳои рангоранг коридааст, ки ҳусни кӯчаи худро дигаргун кардааст. Масъулини Кумитаву идораҳои давлатӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “Хона ба хона” миёни сокинон вохӯрӣ доир карда шуд. Маълум гардид, ки сокинон кишвар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ якчанд намуди сабзавот, аз қабили картошка, пиёз, помидор, сабзӣ, бодиринг, қулфинай ва дигар намуди онҳоро кишт намуданд, ки харидорӣ  кардани ин гуна маҳсулот барои чунин оилаҳо зарурат надорад.

      Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дода шуд.