КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР НАЗДИ БИНОИ ТИ ҲИЗБӢ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ №2- НОҲИЯ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштрироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин. ва кормандони ташкилоти ибтидоии Ҳизбии  мактабӣ варзишии №2 – ӣ ноҳия корҳои ободанию хурамгардонӣ дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили созовори ҷашни 30 солагии ҲХДТ доир карда шуда истодааст.Ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ба ҳашар баромада тоза намудани гирду атрофи бинои маъмурии худ ва суст намудани бехҳои дарахтон ва гулҳои мавсимӣ  машғул  гардиданд.

           Ҳамчунин, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия дар доираи аксияи ҳизбии “Рӯзи ободонию созандагӣ” маъракаи гулу ниҳолшинонӣ баргузор шуда истодааст, ки дар он масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштироки фаъолона доранд.