ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ТИ ҲИЗБИИ “ИНТЕРНАТИ КАНГУРТ”

Темурмалик:  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Ширмои Маҳмасаид бо иштироки аъзоён ва фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Интернати Кангурт” – и ноҳияи Темурмалик вохурӣ баргузор гардид.Намояндагон вобаста ба самтҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳо намуда, шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд. Дар идома масъулин оид ба масъалаҳо аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.