ҶАШНИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД ДАР ТИ ҲИЗБИИ “ТАНОБЧИИ ПОЁН”

Темурмалик:  

Наврӯз, ки бо номҳои ид, иди Наврӯз, ҷашни баҳор, ҷашни фарвардин, Наврӯзи Ҷамшедӣ, Наврӯзи Султонӣ, Наврӯзи Ҷалолӣ, баҳорҷашн ва амсоли инҳо шуҳрат дорад, арзишмандтарину кӯҳантарин ҷашни миллии мардуми Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна мебошад.

           Ин ҷашн асрҳои зиёдест, ки таваҷҷуҳи мардумони қаламрави забони форсӣ – тоҷикӣ ва дигар миллатҳое, ки бо онҳо равобити муштараки деринаи фарҳанги доранд, амсоли афғону эронӣ ва туркҳо, ўзбекон, қирғизон, туркманҳо, қазоқон тотору озорбойҷониҳо қарор дорад. Расму оини Наврўзро қариб ҳамагон риоя мекунанд.

          Моҳи марти соли 2024 дар доираи нақша-чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Танобчии поён” чорабинии бошукӯҳ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид муовини раиси ноҳияи Темурмалик Айниддини Аслиддин ва раиси Ҷамоати деҳоти Танобчии Раҳмонов Суҳроб ва дигар фаъолони ҷамоати номбурда иштирок намуданд.

          Бояд қайд намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва мондагортарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад. Рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.