ЛИБОСИ МИЛЛИИ ФАРҲАНГИ ҚАДИМАИ ДЕРИНАИ МОСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Либосҳои миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.Дирӯз Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик низ либосҳои миллӣ ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд. Пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш, либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб меёбад барои ҳар як зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур буда, пос доштани чунин анъанаро аз хурдсолӣ ба кӯдакон бояд омӯхт.