ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАНОБЧИИ НОҲИЯ

Темурмалик:  

Рӯзи гузашта дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ гузаронида шуд. Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳияи Темурмалик Айниддини Аслиддин раиси Ҷамоати деҳоти Танобчӣ Раҳмонов Суҳроб ва муллоемоми маҳалла иштирок ва суханронӣ намуданд.  Намояндагони болозикр вобаста ба самтҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳо намуда, оид ба масъалаҳо аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуда, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.