ЭКСТРЕМИЗМ-МУШКИЛОТУ ҲАЛТАЛАБИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Темурмалик: Вокуниш  

Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад, барои инсоният қобили қабул нест, зеро ки он асосҳои маънавии ҷомеаро хароб намуда, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд. Аз ин рӯ имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бунуфузи байналмиллалӣ, минтақавӣ ва давлатҳои ҷаҳон мубориза бо ифротгароиро яке аз вазифаҳои муҳими худ карор дода баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб чораҳои гуногун меандешанд. Аз ҷумла аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гурӯҳҳои терорристӣ-экстремистӣ ва шахсони алоҳидаи шинохтаи чунин гурӯҳҳо ба рӯйхати “сиёҳ”-и ин созмонҳо дохил карда шуда нисбати онҳо таҳримҳои гуногун ва дигар чораҳои таъсиррасониро амалӣ менамоянд. Як қатор давлатҳои дунё низ ба қабули қарору қонунҳо аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ин давлатҳо фаъолияти чунин созмонҳо ва гурӯҳҳоро дар қаламрави давлаташон манъ менамоянд. Лекин новобаста аз ин ифротгароӣ дар ҷомеаи имрӯза рӯ ба афзоиш қарор дорад. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлатҳо ва ҳар як инсони солимфикрро зарур аст, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир барад. Усулҳои мубориза бо ифротгароӣ метавонанд гуногун бошанд пеш аз ҳама дар ҳар як давлат бояд барои ҳама гуна гуррӯҳҳои иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва сиёсӣ ҳуқуқ ва озодиҳои баробар ва шароити якхелаи зиндагӣ ва кору фаъолият ба қадри имкон муҳаё менамояд. Давлат омилҳои гуногуни ба пайдоиши ифротгароӣ мусоидаткунандаро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри бартарафсозии ин омилҳо мунтазам чораандешӣ менамояд. Ин чунин дар самти муқовимат бо ифротгароӣ бояд қишрҳои гуногуни ҷомеа аз қабили итиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолони ҷомеаи маданӣ ҳарчи бештар қалб карда шаванд.

Маҳмадшозода Мирзошо-раиси ташкилоти ибтидоии Фалҳобод