ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ САР ЗАДАНИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Темурмалик: Вокуниш  

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муоссир, ки  хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои гуногуни динӣ сурат гирифтаанд ва мегиранд.Тибқи омор ҳар ду рӯз дар ҷаҳон як амали террористӣ ба вуқуъ меояд, ки дар натиҷаи он бисёр мардумони бегуноҳ кушта ва маҷрӯҳ мешаванд. Амалҳои дорои хусусиятҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористидошта рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш мебошанд, шумораи қурбониёни чунин амалиётҳо зиёд гардида, ҳар як чунин амалиёти нав аз амалиёти пешинааш ваҳшатноктар ва ба таври муосир муҷаҳҳазонида мебошад.Хусусиятҳои терроризм ё ин ки даҳшатафканӣ ва афзудани шумораи одамҳои ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони грӯҳҳои ифротӣ дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявию диниашон паст буда дар зиндагӣ бо мушкилоте чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд. Бо назардошти он ки тағироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан и ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ин сабаб намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки боиси вусъат пайдо намудани радикализм, терроризму экстремизм дар байни ҷавонон мешавад   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарами Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон аз радикализм, экстремизм ва терроризм изҳори нигаронӣ намуда, қайд менамоянд, ки “Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳавуллоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад”.

       Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмиллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул намудааст, ки  дар он мақсади қабули қонун, мафҳуми терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд.

       Дар баробари ин 8-уми декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун, мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои экстремистидошта қонуни махсус, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораимуқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 25-уми марти соли 2011 қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

       Гуфтан ба маврид аст, ки дар заминаи мубориза ба ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир оила нақши асосиро дорост. Оила ҳамҷун ниҳоди асосии иҷтимоикунонии фарзандон вазифадор аст, ки мутобиқгардонии ҷавононро ба ҳаёти иҷтимоӣ дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, экстремистӣ таъмин намояд. Бо вуҷуди ин оилаҳои бобарор на ҳама вақт вазифаҳои сарпарастии худро ба ҷо оварда ва дорои имконияти пешгирӣ ҳастанд. Оилаҳое, низ ҳастанд,ки на танҳо фарзандонашонро аз таъсири берунаи гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз наменамоянд, балки худашон фазои носолими оилаҳои ифротиро ташаккул медиҳанд. Пеш аз ҳама дар сатҳи миллӣ ва маҳалӣ коркарди барномаҳои иттилоотонӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн зарур аст. Ин гуна барномаҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ташкилоти диниро дар бар мегирад.

БЕҲРӮЗ ҚАЮМЗОДА – Раиси ташкилоти

ибтидоии Ҳизбии “Танобчии миёна”