ИФРОТГАРОӢ ВА ОМИЛҲОИ БА ОН МУСОИДКУНАНДА

Темурмалик: Вокуниш  

«Бар лаби об нишину умр бубин» - гуфтани бузургон бесабаб нест. Умри инсон зуд ва ноаён мегузарад. Одамиро мебояд, ки ҳар лаҳзаи умри худро босамар гузаронад. То бори афсӯсу надоматро эҳсос накунад.

       Мутаассифона, дар замони муосир афроде арзи ҳастӣ доранд, ки ба доми мутаасибони хирадбохта афтода, умри худро сарфи амалҳои номатлубу ҳалокатбор карда, ҳаёти хеш ва дигаронро барбод медиҳанд. Махсусан наврасону ҷавонон қурбони ин ҷаҳолату нодонӣ гардида, фирефтаи таблиғоти ақоиди бебунёди ифротӣ мешаванд. Ҳол он ки ин тоифа метавонистанд дар шароити босуботу осоиштаи кишварамон баҳри омӯзиши илму донишҳои замонавӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, рӯзгори хушу осудае дошта бошанд.

       Сабаби омилҳои ба вуқуъ омадани ин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризму ифротгароӣ хеле зиёд ва гуногунанд. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки дар таълиму тарбияи фарзанд баъзе аз падару модарон масъулиятро пурра эҳсос намекунанд. Аз тарафи дигар истифодаи нодурусти вақт ва ба одатҳои бад шуғл варзидани наврасон мушоҳида мешавад.

       Мавриди тазаккур қарор бояд дод, ки яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани ҷавонон ба ифротгароӣ ин фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар фазои иттилоотӣ, маънавӣ ва таъсири оқибатҳои он ба амнияту суботи кишвар мебошад. Инчунин тамошои филмҳои дорои саҳнаҳои зӯроварию ҷангҷӯёна буда метавонад ба мафкура ва руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Ақидаҳои хурофотӣ, бедонишӣ, маълумоти кофи надоштан дар бораи дин, маданияту фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва расму оин низ сароғози ин падидаи номатлуб мебошанд.

       Омили дигар ин ба кишварҳои бегона муҳоҷират кардани ҷавонон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумотҳо ва мушоҳидаҳои охир аксари ҷавонон дар муҳоҷират гумроҳ шуда, ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезананд.Тадқиқоту мушоҳидаҳо низ нишон медиҳад, ки муҳити имрӯза дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси мавҷудияти низоъ ва ихтилофу бадбиниҳо гаштааст.

       Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, бояд тамоми имконоту воситаҳоро истифода намуд, то ҷавонону наврасон фирефтаи ин гуна таблиғоту пайомадҳои нохуш нагарданд. Дар ин самт оила ва мактаб масъулияти бештар бар дӯш доранд. Сараввал худи волидон бояд намунаи ибрат бошанд ва ҳар қадами фарзанди худро зери назорат қарор диҳанд.

       Нақши муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ низ дар ин самт бузург аст. Алалхусус  ҷоннок кардани дарсҳои тарбиявӣ, ҷалби хонандагон ба машғулиятҳои иловагӣ бениҳоят муфид аст. Илова бар ин бедор кардани ҳисси худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадр намудани арзишҳои муқаддас ҳамчун омили асосӣ дар пайдо намудани донишу ҷаҳонбинӣ заминагузор мебошад.

        ИКРОМОВА МАЛОҲАТ – аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон