НАШЪАМАНДӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶОМЕА

Темурмалик: Вокуниш  

Имрӯзҳо нашъамандӣ кулли мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Ба ин вабои аср, яъне нашъамандӣ нафарони зиёде мубтало мегарданд, ки аксарияташон ҷавононанд.Солҳои охир нашъамандӣ ба сиҳатии мардуми сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида, дар самти пешрафти ҳама соҳаҳо таъсири манфии худро мегузорад. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсон аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ зарар расонида ба ҳолати равонии инсон низ таъсиргузор мебошад. Боиси таасуф аст, ки бо гирифтор шудан ба он инсон метавонад ба ҳама гуна ҷиноят даст занад. Дуздию ғоратгарӣ, одамкушӣ, қаллобӣ ва амсоли онҳо. Чунки бо истифода аз нашъа ва маводҳои нашъадор ақли инсон тира гардида, дур аз ақлу фаросат мегардад ва рафтору амали худро дарк намекунад. Олимону донишмандон ба он назаранд, ки нашъамандӣ беморӣ аст. Хатари он танҳо дар истифода карданаш набуда, балки дар он аст, ки шахси гирифторшуда бо дарёфт накардани он мутаасифона ба ҳалокат мерасад. Бархе аз мардум нашъаҷаллобиро манбаи даромади пулӣ дониста, маҳз тариқи он ба ҷомеа зарар мерасонанд. Дарк наменамоянд, ки ба ҷиноят даст зада, даромади муфт ба даст меоранд ва боиси гирифтори беморию марги садҳо нафар мегарданд. Вобаста ба зиёд шудани сафи истеъмолкунандагони маводҳои нашъадор дар тамоми кишварҳои дунё бо ин беморӣ муборизаи қатъи эълон шудааст. Ҳамчунин дар кишвари мо низ ҷиҳати пешгирӣ намудани болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам, аз ҷумла истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 – уми феврали соли 2013 таҳти №1409 «стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуд. Қабули Стратегияи мазкур барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

         Нашъамандӣ сароғози ҳама бадбахтиҳои инсон аст. Аз ин рӯ бояд тамоми ҷомеа барои пешгирӣ аз ин бемории марговар, яъне нашъамандию нашъаҷаллобӣ муборизаи пурзӯр баранд.

Парвина Гадоева – аъзои фаъоли Ҳизб