ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Темурмалик: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилотҳое мебошад, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст.

       Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинии  “terror” гирифта шуда, маънои “тарс ва ваҳм”-ро дорад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро ба роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан мақсади асосии онҳо мебошад.

       Экстремизм бошад аз калимаи франсузии  “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона мебошанд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз даст овардани Истиқлолияти давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии ҳашрвандӣ афтод, ки дар натиҷа кишвари азизи моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, садҳо нафар бе манзили истиқоматӣ монданд ва ҳазорон нафари дигар гуреза шуданд.

        Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз яроқи ядроиро ба миён овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт.

        Аз ин рӯ мо ҷавононро месазад, ки ҳушёрию зиракии худро аз даст надода сулҳу субот ва истиқлолияте, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мо ҷавонони даврони истиқлол муяссар гардидааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, чунки қурбонии ин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аксаран ҷавонон мебошанд.

        Имрӯзҳо техналогияи муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуниҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни зарарро ба худи инсоният эҷод менамояд. Махсусан  қайд кардан ба маврид аст, ки истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳода истодаанд ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад. Беҳуда нагуфтаанд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ, пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонони онро гумроҳ намо”. Аз ин рӯ аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротиву тундгаро нашуда, дар пешравии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ширмои Маҳмадсаид:-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик