НОТАВОНБИНОНИ МИЛЛАТ

Темурмалик: Вокуниш  

Имрӯзҳо бисёре аз бадхоҳони миллат, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз дури ба суйи миллати тоҷик санги маломат партофта, мехоҳанд оромиву осудагии як миллати ҷавону мувафақро халалдор намуда, ҳаёти осоиштаву ороми мардумро ба шоми зулмони табдил диҳанд.Аммо мо ин ҳама найрангу буҳтонҳои беасоси хоинони миллатро қотеъона маҳкум намуда, ҳеҷ гоҳ ба ин сафсатаҳои беасос, ки ҳеҷ воқеъияти асосӣ надорад бовар нахоҳем кард!Ин гуруҳҳо бо суханҳои бофтаю дуруғ ва ақидаҳои ғаразноки худ мақсади халалдор намудани сулҳу суботи кишвари ободу зебои моро доранд ва мехоҳанд, ки бо чунин разиливу бадсиришти амнияти оромии миллату давлатро халалдор созанд.Терроризм ин амали бешарафона ва доғи рӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, террористон ҳамчун гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба шумор мераванд, ки авзои ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Ҳадафу мақсади нопоки ин гурӯҳҳо ягона буда, кӯшиш мекунанд пеши роҳи ободиву осудагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азизро гиранд. Аммо ҳоло ҳам ин гурӯҳҳои ифротӣ дар доми ғафлатанд. Имрӯзҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвараст, ки то тавонад барои пешрафти давлату миллат талош намоянд. Танҳо бо роҳи омӯзиши илму дониш ва хиради волои инсонӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ақли солиму ақидаи созанда дар сафи пеш бошем. Доимо тарафдори сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсии кишвар ва пайрави мактаби ободкорнаву созандаи Пешвои миллат бошем.Дар Паёмашон Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки терористон Ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба душманони миллат имкон надиҳем, ки барои ташвиқу тарғиботи ифротгароӣ роҳ ёбанд.  Аз ин лиҳоз аз хурд то калон аз коргар то сарвар аз мақомотҳои қӯдратӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ зиракию сиёсиро аз даст надода байни мардум, аҳли зиё, фарҳанг, илму маориф ташвиқоту тарғиботу сулҳҷуёнаро беҳтар ба роҳ монем то, ки мардуми кишварамон зиндагии тенҷу осуда дошта бошанд.

муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.