ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ МИЛЛӢ

Темурмалик: Вокуниш  

Борҳо дар баромадҳояшон аз минбари Ассамблеяи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯй оварда қайд карданд, ки “Терроризм миллат, дин ва сарҳад надорад. Бахусус суннату анъанаҳои дини мубини ислом ба терроризм ягон умумият надоранд”. Аммо дар ҳама давру замон дин, анъанаҳо муқаддасот барои манфиатҷуён силоҳи асосии мубориза барои ҳокимият ва барои ба даст овардани сарват барои дунёталабон буду ҳаст.То асри 20-ум амалҳои террористӣ бо номҳои ваҳшоният, қатлу ғорат, суиқасд ва дигар мафҳумҳои ҷиноӣ ифода мешуд. Мафҳуми “терроризм” бори аввал дар доираи сиёсати ҷаҳонӣ ҳангоми ҷанги Хитой ва Ветнам, охири солҳои 70-уми асри гузашта аз ҷониби мансабдорони ИМА барои вокуниш ба амалҳои Иттиҳоди  Шӯравӣ садо дод. Давлатҳои абарқудрат дар муборизаи доираи нуфузашон дар қишри гуногуни олам бисёр гурӯҳҳоро маблағгузорӣ намуда, дар тӯли панҷоҳ соли охир терроризм симои аслии худро комилан дигар кард. Терроризм ба ташкилоти истифодабарандаи усули ваҳшоният ва даҳшатафканӣ табдил ёфта, бештар дар давлатҳои ноором, ки минтақаи доираи нуфуз (муборизаи геополитикӣ) аст, қувват гирифта, то имрӯз даҳҳо ташкилоту созмонҳо амал  намуда, дар минтақаҳои гуногуни олам фаъолият мекунад. Авғонистон, Ироқ, Сурия, Либия ва чанд давлати дигар барои пурра аз байн бурдани терроризм ҷаҳду талош мекунанд. Дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон аввалин шуда феврали соли 1990 хатари терроризмро бо роҳбарии ҳизби наҳзат ва пайравони онҳо аз сар гузаронид. Фазои демокративу ошкорбаёнӣ барои озодона фаъолият кардани ин хатари умумимиллӣ мусоидат кард. Намояндагии Маскав бо роҳбарии Собчак ва Велихов омада ба оташи найранги ин оташбозон равған рехту онҳоро ҳамчун равияи демократӣ ҷилва доданд. Шароитҳои мушкилии иқтисодӣ, истифодабарии маҳалгароӣ дар мубориза, таҳқири имону дини минтақаҳои алоҳида намоиши мустақими муборизаи сиёсӣ ба воситаи телевизион ва дигар шароитҳо боиси шиддати пурзур гирифтани мубориза ва даст задан ба ҷинояти вазнинтарин-табаддулоти давлатӣ гардид.Давлати ҷавони соҳибистиқлол ба ҷанг кашида шуду наҳзатиҳо даст ба террор кардани шахсиятҳои намоёни давлативу ҷамъиятӣ заданд. Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Сангов, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” М. Шерализода, академик Муҳаммад Осимӣ, рӯзноманигор Отахон Латифӣ, нависанда ва ходими давлатӣ Сайф Раҳимзод, табибони маъруф Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуф Исҳоқӣ ва даҳҳо нафари дигар маҳз бо усули террор ҷисман нобуд карда шуданд. Идораи қозиёту таҳхонаи театри Лоҳутӣ, масҷидҳои Мехкалону Испечак, Водии Вахшу Ҳаммоми хоҷагии “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш майдони асптозии терроризми наҳзат гардиду ҳастии давлату миллати тоҷик ба тамоми маънояш қариб буд, ки аз даст мерафт. Дигар ягон сарҳанг ба дигараш итоат намекарду силоҳи бешумор миёни мардум, бахусус олами ҷиноӣ паҳну парешон гардид.Бо тамоми заҳмати зиёи вакилони мардумӣ барпо намудани Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва дар он роҳбари давлат таъин гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуълаи умед ба ояндаи давлату миллат дигарбора дили мардумро равшан намуд. Заҳматҳои чандинсолаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ боиси рушди ҳамаҷонибаи мамлакати мо гардиду боз мебинем, ки ҷавонони имрӯза на ҳама ба қадри давлати рушдкардаву дастурхони фаровони имрӯза мерасанд.

          Терроризм имрӯз бо рушд ёфтани шабакаи интернет самти тарғибу фаъолияташро хеле густурда намудааст. Террористон ба воситаи видеоролику наворҳо шахсони хислати норозидошта (песимистон), бахусус ҷавонони камсаводу дониши сиёсинадоштаро бо роҳи тарғибот аз номи дину равияҳои гуногун, ҳатто аз номи Худо, ҳамзамон бо усули ҳавасмандкунӣ-бо пул ҷалб кардан, туҳфаҳои гаронарзиш додан, ваъдаи мансабу мартаба ба ҷониби худ кашида, дар навбати аввал андешаву мафкураи онҳоро тағйир медиҳанд, ки онро мағзшӯйӣ меноманд. Мағзшуста тамоми иродаву муқаддасоти инсонро аз даст дода, бозичаи дасти хоҷагонаш мегардад.

          Наврасону ҷавононро зарур аст, ки дар замони муосир муносибати дуруст бо шабакаҳои интернетиро омӯзанд, то ҷону тақдири ояндаашон аз хатари терроризм эмин бимонад.

          Чаро оқил кунад коре, ки бор орад пушаймонӣ?

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик,

раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Парастор” : Фаррух Сайдализода