ФИРЕФТАИ ҲАРГУНА ГУРӮҲҲО НАШАВЕД.

Темурмалик: Вокуниш  

ВОКУНИШ: Ба ҳамагон равшану возеҳ аст, ки яке аз падидаи номатлубе, ки ба рӯҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонаду онҳоро ба роҳи каҷу гумроҳӣ мебарад ин истифодаи нодурусти шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Тавассути интернет пайдо гаштани «дӯстон»-и нохалаф ба тарбияи наврасон зарбаи сахт мезанад. Ҷалб гаштани наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар тавасутти шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад.

              Ҳамарӯза тамошо кардани барномаҳои гурӯҳҳои тунд дар шабакаи  интернет ба тафаккур ва мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, онҳоро ба роҳи нодуруст ҳидоят менамояд, ки дар натиҷа ҷавонон худ намефаҳманд, ки чӣ гуна ба домӣ он дасисабозон афтодаанд.

              Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки чи дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар паёмадҳои номатлуби замон ҳушёр бошем. Нагузорем, ки онҳо бо ваъдаи ҳар гуна хоҳишҳои номатлуб ва иҷрошаванда ҳаёти мо ва наздиконамонро зери хатар гузоранд. Зеро, ки гурӯҳҳои ифроти бо даъвати ҳар гуна панду насиҳатҳои динӣ ва ахлоқи худро нишон дода , ба гурӯҳҳои сохтаи худ шуморо ҷалб месозанд, ки ин ба ояндаи мову шумо таъсири бад расонида, роҳи наҷот ба осони ба даст намеояд.

          Хулоса, мо шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонони Ватанро лозим аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёру бедор бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба хабарҳои дурӯғу иғвоангез, ки аз тарафи аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву бегона паҳн карда мешаванд, бовар накунем, аз тамошои барномаҳои сохтакоронаи онҳо худдорӣ намоем.

              Бояд қайд намоям, ки мо ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеаи демократӣ хуқуқбунёд ва дунявиямон ба ҳисоб меравем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро, зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда кишвари худро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дорем, баҳри пешрафту тараққиёт, рушду нумӯи кишвари азизамон сидқан талош намуда, аз содир намудани ҳар гуна ҷиноят худ ва дигаронро эмин нигоҳ дорему ҳаёти ширину рангини худро бо дастони худ тираву торик насозем, баръакс бо дӯст доштани ватану миллати хеш ояндаи дурахшоне бисозем.

муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.