ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ШАҲРВАНДОН БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Шаҳритуc:  

Санаи 15.04.2024  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов,  доир ба масъалаҳои ҷалб намудани сокинон бо корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист,  пешгирии зоҳирпарастию хурофотпарастӣ, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҷалби ҷавонон ба Артиши миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ, яъне оростани маъракаҳои дабдабанок, аз як замин гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи самараноки нерӯи қувваи барқ, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастгирии табақаҳои камбизоат, маъбон ва эҳтиёҷмандони ҳудуди маҳаллаву деҳаҳо  ва дигар масъалаҳои мубарами рӯз бо усули  “хона ба хона”  дар 14 хонаҳо бо фарогирии  48 нафар  вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.