БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 30.03.2024  бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7  мусобиқаи варзишии волейбол байни  варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  волонтёрҳо  ва хонандагони синфҳои болоии муассиса баргузор гардид.  

          Дар  натиҷаи  ҷамбасти мусобиқаи варзишии волейбол аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  ба варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан», волонтёрҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассиса, барои ишғоли ҷойҳои  якум, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.