ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

  Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне Наврӯзи байналмиллалӣ қарор дорем. Бояд гуфт, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик бузургтарин ва азизтарин иди таърихиву миллист. Аз замонҳои қадим дар саросари мамлакатҳои Шарқ бо шаҳомати тоза таҷлил мегардад.

         Бо саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон Наврӯз аз нав эҳё гашта ва ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардид.

          Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмаи ин ҷашни бузург будаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии форсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумотҳои зиёде дода шудааст. Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини Ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд.

         Аз ин рӯ, Наврӯзро “Ҷашни сари сол ” низ меноманд.  Тақрибан зиёда аз шаш ҳазор сол қабл  Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

          Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсоннӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

         Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногуссастанӣ дорад. Мардум барои гиримодошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегирад.

        Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ хидоят намоянд.

                                                                                              

  Замонов А. - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ  дар н.Шаҳритус