НАВРӮЗ САПЕДАДАМИ  ҲАСТИСТ

Шаҳритуc: Андеша  

         Наврӯз, ки бо номи ҷашни фарвардин, Наврӯз Ҷамшедӣ шӯҳратёр аст, муҳимтарин ҷашни миллии мост. Умумитарин аст, зеро Наврӯз марзро  намешиносад ва аз ҳар дару деворе ба сарзамини биҳиштосои мо ворид мешавад ва тамоми қавму мазҳабро дар ин сарзамини бостонӣ шодмон месозад.

        Наврӯз бузургдошти ростию ҳақиқат ва марзу буми сарзамини кӯҳан, нишонаи мардуми накӯкор ва накӯсиришт аст.

        Наврӯз- ҷашни қадимтарин аст, ки мардум муддатҳо пеш аз фаро расиданаш мунтазири қадамаш ҳастанд, барои расиданаш лаҳзашуморӣ мекунанд, хонаро обу ҷоруб мезананд. Чун фаро мерасад мардум ба дидори ҳам мешитобанд. Қаҳр ба оштӣ, кина ба муҳаббат табдил меёбад. Пиру барно дар ҷашни Наврӯз  дар ин шодии ҳамагонӣ ширкат меҷуянд, зеро Наврӯз ба замину замон, ба табиат, ба мардумон шодӣ меафзояд.

       Наврӯз-оғози Соли нави хуршедӣ ва эъдидоли баҳорист. Нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ аст. Аз ин рӯ “Рӯзи нав” номаш ниҳоданд, зеро пешонаи Соли нав аст! Фарвардин-рӯшноӣ, фурӯғи зиндагонист! Наврӯзу фарвардинро оғози ҳаёти нав дар рӯи олам мехонанд.

        Наврӯз фархундатарин ҷашн, арзандатарин ва гаронбаҳотарин мероси маънавии ниёгони мост, ки дар роҳи муаррифии фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми муассир дорад. Наврӯз бо ойину русуми наҷибаш дар эҷоди ваҳдати маънавӣ ва фарҳангии тамоми халқҳо мусоидат карда, ҷавҳару сиришту афкори андешаи башардӯстонаи мардуми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад.

         Наврӯзи оламафрӯз сифату оинҳои наҷиб диловез дорад. Оину суннатҳои Наврӯз хеле зиёданд, ки имрӯз ба назар мерасанд ва аз қалбҳои пур аз муҳаббату хиради азалии мардуми мо шаҳодат медиҳад.
 

 Юсупова Г., мудири шуъбаи кор бо занон ва  ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус