ВАТАН ИМРӮЗИ МО, ОЯНДАИ МОСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

         Ишқу меҳри Ватан аз дил сарчашма мегирад.

         Дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудан ва ба ҳифзи кишвар омода намудани насли наврас вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар, устодон ва аҳли ҷомеа мебошад.

          Дар урфият мегӯянд: “Хизмат ба ватан мардонагист, дар зан бошад, қаҳрамонист!”.

          Барои насли ҷавони имрӯза хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузурги мардонагӣ буда, онҳо ҳангоми адои хизмати низомӣ дарси далериву шуҷоат ва пос доштани арзишҳои миллиро меомӯзанд. Сарбозон на танҳо Ватан, балки нангу номуси модар, хоҳар ва ҳамсаронихудро аз ҳамлаи душманон ҳифз менамоянд.

         Маҳз ба хотири ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро барои афсарон ва сабозон фароҳам овардааст.

           Боварии комил дорем, ки ҷавонони хештаншиносу меҳанпарасти Ватан бо ноил шудан ба сатҳи баланди зеҳниву ақлонию ҷисмонӣ нерӯву тавоноии худро бедареғ, барои хифз намудани марзу буми кишвари ҷоноҷон ва баланд бардоштани обрӯйи миллат дар арсаи ҷаҳон сарф мекунанд.

          Имрӯз дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвари мо ҷавонони содиқу қавиирода, ватандӯсту ватанпараст бешумор буда, қодиранд, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ватанамонро пурра таъмин намуда, қудрату  тавоноӣ  ва омодагии ҳарбии худро дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит намудаанд.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омори маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус