Дар асоси банди 10 «Ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби ҷонибдорон қабул намудани на кам аз 12 нафар аъзои нав, салоҳиятнок ва пардохткунанда ба ҳизб» нақшаи корӣ-2024 ва бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизбиён аз ҳисоби ҷавонон ва ҷонибдорон аз муассисаҳои тиббӣ, санаи 11.03.2024 сол масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии «СЭС»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар ҳамшираҳои тибро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд.
Ҳамзамон ба ҷавонон ва ҳамшираҳои тиббӣ фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва манавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамояд.