ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН — ҲИМОЯИ ОИЛА ВА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Шаҳритуc: Андеша  

           Дар замони  зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон дӯст доштани Ватан ва омода будан, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.

         Амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии мамлакат, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амнияту тартибот вобаста аст.

          Мафҳуми Ватан-Модар аз вожаҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳамеша бо эҳтироми бепоён ва меҳри хоса ба забон гирифта мешавад. Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрӯз соҳиби  давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифз карда ба мо мерос гузоранд.

          Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон, махсусан мо - насли ҷавон мебошад.

        Барои мо - ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар яки мо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирем. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

         Имрӯзҳо фарзандони шуҷоъу далери Ватан, чун сипари боэътимод ҳар зарраи  хоки марзи кишварро муҳофизат менамоянд. Ин ҳама хизматҳои шоиста моро водор месозад, ки Ватанро аз ҳама гуна таҳдидҳои дохилию беруна эмин нигоҳ дошта  ба наслҳои оянда мерос гузошта зиндагии хубе барояшон фароҳам оварем.

        Аз ин лиҳоз, бояд ҷавонони ҳушёру далер ва мардуми кишвар ҳамеша бар он кӯшанд, ки Ватани азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳукмфармо бошад.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Шаҳритус