НАВРӮЗ - ШИНОСНОМАИ ФАРҲАНГУ МАЪНАВИЁТИ НИЁГОНИ МОСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

            Наврӯз фархундатарин ҷашн, арзандатарин ва гаронбаҳотарин мероси маънавии ниёгони мост, ки дар роҳи муаррифии фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми муассир дорад. Наврӯз бо ойину русуми наҷибаш дар эҷоди ваҳдати маънавӣ ва фарҳангии тамоми халқхо мусоидат карда, ҷавҳару сиришту афкору андешаи башардӯстонаи мардуми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад.

        Наврӯз шиносномаи фарҳангу маънавиёти ниёгони мост.

        Ҷашни Наврӯз як бахши ниҳоят қадимаи фарҳангии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу ҳашамат ва зебоиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор  мегардад.

        Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт, барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд.

       Барои ҷаҳонишавии Наврӯз  саҳми  Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.

       Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30- юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд   ва 19 уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

          Дар рӯзҳои Наврӯз дар ҳар як хонадон, маҳалла, марказҳо, ташкилотҳо, минтақаҳо аз неъматҳои баҳорона, кабудиҳо дасторхони пур аз нозу неъмат, аз он ҷумла:

7 шин (шакар, шамъ, шарбат, , шиннӣ, шир, шона),

7 мин (мағз, мурч, мева, моҳи, мавиз, маст-қатиқ, мурғ),

7 син (сирко, сабза, сумоқ-шабит, санҷит-чийда, сир-чиснок, себ, сипанд) ороста, меҳмононро бо меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром пешвоз гирифта меҳмондорӣ менамоянд.

 

Мирзоқулов Ҷ. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.