ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

  Наврӯзи хуҷастапай урфу одатҳо, маросимҳо ва суннатҳои қадимаи таърихи дошта, онҳо аз авлод ба авлодҳо, аз қарнҳо то замони мо ҳамчун намунаи ҳаёти зинда давом дорад  ва  бо як ҳурмату эҳтиром амалӣ мегардад.

           Дар асл Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки мужда аз баҳори нозанин аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида моҳи сентябри соли 2009 ба феҳристи осори фарҳангии башарият ЮНЕСКО дохил гардид.

          Дар ҳақиқат, мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, аст. Иди қадимаи халқи тоҷик Наврӯзи фархундапай бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад.

         Дар ин минтақаҳои қадимаи сарзамини тоҷикон аз ҷиҳати мазмун ва моҳият Наврӯзи фараҳбахш бо як маросими таърихи ҷашн гирифта шавад ҳам, ҳар яке он бо хусусиятҳояшон аз як дигараш фарқ карда, таърихи Наврӯзи фаррухболро боз бойтару пурмазмунтар мегардонад. Наврӯз иди қадимаи халқи тоҷик буда  дар баъзе сарчашмаҳо қайд карда шудааст, ки зиёда аз 6 ҳазор сол, дар дигар адабиётҳо 10 ҳазор сол таърих дорад ва имрӯзҳо омӯзиши таърихи Наврӯзи оламафрӯз аз тарафи олимони ҷомеашинос, тадқиқотчиёни муаррихон, муҳаққиқони иду айёмшиносон давом дорад.

       Шиор ва самти асосии Наврӯз шиори қадимаи халқи кӯҳанбунёд «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» буда, то ҳоло дар ҷаҳон аз ин бузургтарин шиор ёфт нашудааст.

       Моҳи сентябри соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ, ЮНЕСКО-и Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи фархундаро бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил ва соли 2010 бошад ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он дарак медиҳад.

         Аз ин лиҳоз мо бояд ин ҷашни муқаддасу ҳамеша ҷавонро бо ҳисси ифтихор ва бо як шукӯҳи шањомати хоса таҷлил номоем ва ба мардуми дунё муаррифӣ кунем.

 

Ҳамрозода О. Мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.