«НАВРӮЗ-ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО ВА ФАРҲАНГҲО»

Шаҳритуc: Андеша  

 

 

        Наврӯзи байналмилалӣ - қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёист. Имрӯз мову Шумо Наврӯзро бо шукру сипос аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар истиқбол намуда, бо азму иродаи қавӣ, рисолати шаҳрвандии худро дар назди Ватани азизамон - Тоҷикистон адо менамоем.

        Тамоми мардумони Осиёи Марказӣ ба хусус тоҷикону қирғизон, туркманҳо,  қазоқҳою ӯзбекҳо аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз либосҳои сафед мепӯшиданд  ба ҳамдигар сафедӣ мепошиданд, хӯрдани таоми соли навро аз шири навдӯшида сар мекарданд. Кӯшиш менамуданд, ки дар ин рӯзи босафо рӯйи зеборо бинанд, хандаю бозӣ кунанд, суруду таронаҳо хонанд ва ё шунаванд.

         Деҳқони донапош бошад, дуои хайр гуфта, ба кишту кори худ мадад металабид, то сол некӯ бошаду ҳосил фаровон.

         Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз анвои ғалладона пӯхта мешаванд. Рӯзи Наврӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон  дар ҳар як маҳалла ва кӯчаҳо ба риояи расму русум ва анъанаҳои хоси ҳамон минтақа дар дегҳои калони “маъракагӣ” оши палав ва гандумкӯча мепазанд, ки ин ба нияти сериву пурӣ, пурфайзу баракат, серҳосил омадани соли нави дар пеш истода мебошад.

           Наврӯз-яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи замин ба шумор рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст.

Нигар ҷашни мо рӯи дунё гирифт,

Ба ҷону дили халқ маъво гирифт.

Яке “Ҷашни Ҷамшед” номаш барад,

Дигар “Иди Наврӯз” ном оварад.

 

Бобоева П., аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”.