МАРҲАБО, НАВРӮЗИ АҶАМ!

Шаҳритуc: Андеша  

 

 

       Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад.

Наврӯз дар фарҳанги  мо тоҷикон  рӯзи  нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои  якдигар, рӯзи оштӣ аст.

     Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.

      Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро  оғоз мекунанд.

      Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст ва онро, аз ҳама бештар, деҳқонон интизорӣ мекашанд. Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад.

      Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони  ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷастагӣ дорад, ҳамчунин падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддуни дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

    Аз Наврӯзи ҳазораи нав мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд дорад. Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек ва сулҳу салоҳ биорад.

 

Юсупова Г. - Мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус