НАШЪУНУМУИ КАРТОШКА ДАР ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён:  

Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва иҷрои саривақтии он аъзоёни фаъоли ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бохтариён”-и ҷамоати шаҳраки Бохтариён, маданияти дуруст истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрории зироатҳо боимҷон, лубиёю мош, қаламфури ширину тезак, помидор, бодиринг, маккаи дон, караму гулкарам, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро ба роҳ мондаанд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захираи 2 солаи маводи ғизоӣ махсусан картошкаро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.