РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ - 9 МАЙ

Кушониён:  

 Ҳамасола рӯзи 9-майи дар кишвари азизу маҳбуби мо бо нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарони мо, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ҳамчун иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар баробари дигар халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ матонату садоқати хешро ба ватан изҳор намуда, баҳри ҳифзи халқу Ватан ва ояндаи дурахшони мо ҷони худро нисор карданд.

Ҳамин буд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор ҷони худро баҳри озодии Ватан-модар аз фашизм нисор намуданд. Мардонагиву садоқати сарбозони тоҷик дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дода шуда, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар баробари ин 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд, ки боиси ифтихори мост.

Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидаастҶанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бар зидди таҷовузи Олмони Фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ КенҷаевТӯйчӣ ЭрҷигитовСафар АмиршоевҲайдар ҚосимовИсмоил ҲамзаалиевЭргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Нурализода Малика мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён