БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДОИР ГАРДИД!

Кушониён:  

 Санаи 4-уми майи соли 2024 бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, шоҳроҳҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои "ШАНБЕГӢ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳракӯ деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор карда шуд. Дар корҳои шанбегӣ Раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин чорабинии ободониву тамизкорӣ ширкати фаъолона варзиданд. Маврид ба зикр аст, ки ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва дар назди корхонаву муассисаҳо ҳашари шанбегӣ баргузор гардида, зимни шанбегӣ ҷойҳои обгузарро аз партовҳо ва макони гулзорҳоро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуда, гирду атрофи биноҳо рӯбучин карда мешаванд. Иштирокдорони шанбегӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ноҳия шанбегӣ доир намуда, омодаанд, ки дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.