ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” дар якҷоягӣ бо аъзоёнии ҳизбӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани симои ноҳия дар майдони “30- солагии Иҷлосияи тақдирсоз” шанбегӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки аъзоён тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳафтае 2 маротиба шанбегӣ аз ҳисоби сокинон, кормандони ҷамоат, муассисаҳои таълимӣ ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу буттаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми босазои худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳалли худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.