ОЗМУН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун бо мақсади тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Дар ин робита ва бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои муассиса оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат миёни хонандагон озмуни "Луғатдони беҳтарин"-ро роҳандозӣ намуданд, ки мунтазам гузаронида мешавад.