ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ.

Кушониён: Созандагони ватан  

    Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».  Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

         Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд. Қабул гардидани Барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, ҷоизаҳо, грантҳои президентӣ ва сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳташами варзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати кишвар нисбати рушду такомули варзиш шаҳодати рушди бемайлони варзиш дар кишвар аст.

              Бо назардошти ин ҳама иҷдомҳои наҷибу дастгириҳои беназир, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор варзишгарони ноҳияи Кӯшониён бо лавозимот ва сару либоси варзишӣ таъмин гардиданд. Аз чунин дастгириҳо варзишгарон хушҳол гарди, изҳори минтадории худро  ба давлату ҳукумат расониданд.