МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ -ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД!

Қубодиён:  

Дар асоси нақшаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин», Алохонов Шодихон кушода, оид ба фаъолияти такшилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти«Тахти Сангин»- ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар поёни маҷлис раиси ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии  Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин», аз нав интихоб гардид.