МУСТАҲКАМКУНИИ ОИЛА БА МАЪНАВИЯТИ ОН ВОБАСТА АСТ.

Қубодиён: Андеша  

 Яке аз муқаддасоте, ки тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, дар имтиҳонҳои зиндагӣ комилтар гаштааст, оила мебошад. Воқеан, оила шабеҳи давлати кучаке андар давлати бузург аст. Он ҳам марз дорад, дорои ору номус, нафсоният, муқаддасот аст. Орзую ҳавас, ғаму шодӣ, неку бад ҳам хоси оила мебошанд.Мардуми шарафманди мо барои аз олудагиҳо пок доштани оилаи хеш, баҳри ҳифзи ору номуси хонадон ҷони худро дареғ намедоранд. Оила мактабест, ки дар он урфу  одатҳои  ҳамидаи ниёгон, аз бар кардани суннатҳои миллӣ,одобу ахлоқ, шарму ҳаё ва касбу кори меросӣ омӯзонида  мешавад.

   Оила макони дилнишин ва мазраи мубаррорест , ки нахли умеду орзу дар он баробар гардида, қалбҳо дар фазои амну осудааш оромиш меёбанд. Он ҷойгоҳест , ки ниҳоли бахту саодати инсон решаи худро мустаҳкам намуда, аз файзи дастони боғбон нумӯъ ва аз тарбияи комили мураббиву раҳнамо ғизои маънавӣ мегирад. Аз ин рӯ , оилаи солим рукни ибтидоӣ, асоси ҷамъият ва пояи мустаҳками ҳар як давлату ҳукумат буда, муҷиби пойдориву устувории он масҳуб меёбад.Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки дар моддаи 33-юми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас ва ҳадафманд чунин дарҷ гардидааст;”Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоят мекунад”. Ҳамчунин дар моддаи 16-уми Эъломияи Ҳуқуқи башар низ нуқтаи бузург ва муҳиме бо чунин мазмун таъкид мегардад;”Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархӯрдор бошад”.

    Бо ифтихор бояд қайд намоем,ки фарҳанги оиладории мо – тоҷикон реша дар умқи таърихи куҳан дошта , миллати соҳибтамаддун, маърифатпарвар ва қадршиносии мо ҳазорсолаҳо ин арзиши муқаддасро гиромӣ медоштанд.Зеро медонистанд ,ки маҳз дар марзи поки оила инсон ҳамчун шахс ташаккул меёбад ва пешбарандаи фаъоли ҷамъияти инсонӣ мегардад.

  Оила ва нақши он дар рушду нумуъ ва пешравиҳои Ватани азизамон баръало ба чашм мерасад.Ин аст, ки оилаи солим ҷомеаи солим гуфтаанд  ва маҳз солимии ҷомеа  аз оила сарчашма мегирад. Дар баркамол расонидани фарзандон саҳми оила, ҷомеа ва мактаб баръало намоён аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтааст “ Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсолу неруи тавоно ва иқтидори воқеъи пешравии ҷомеа, хулоса  ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи онҳо низ  яке аз масъалаҳои  муҳимтарини сиёсии Ҳукумат  боқӣ мемонд.” Мо метавонем оиларо макони меҳру муҳаббат    ва садоқату матонат арзёбӣ намуда, дар он фарзандони асилу ватандӯст тарбия намоем .”

 

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳматзода Дилхоҳ