ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “КАТС”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

      Сараввал  зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “КАТС” Файзуллозода Карим шунида шуд.

    Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “КАТС” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Дар бароробари додани ҳисоботи худ Файзуллозода Карим баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад