83138 2-40-07

“Ҳифзи озуқа”- дар таъмини озуқаи босифат нақши муҳим дорад.

Норак:  

Санаи  28  июни соли ҷори Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳафзи озуқа”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ  доир  гардид, ки дар кори он  намояндаи  Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти  ибтидоӣ  Ашуров Сабзали дар давраи  ҳисоботӣ  шунида  шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Ҳафзи озуқа” дар  давраи ҳисоботӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва корҳои назаррасеро  анҷом додааст. Ташкилоти мазкур дар рушду нумуи хоҷагии халқ  ва дар таълиму тарбияи насли наврасону ҷавонон  нақши назарас дорад. Саҳми ташкилот ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳанги ва сиёсии шаҳр  бориз арзёбӣ мегардад. Гуфта шуд, ки ташкилоти мазкур 11  нафар аъзо дошта, аризаҳои иловагӣ барои қабул ба узвияти ҲХДТ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис, аз ҷониби аъзои ҳизбӣ ташкилоти  ибтидоӣ “Ҳафзи озуқа” Ашуров Сабзаалӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  интихоб  гардид.

Ҳамзамон, 2 нафар вакил ба Конференсияи шаҳрӣ ҳизбӣ интихоб шуданд.

Дар фарҷоми маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташаккули маърифату фарҳангӣ сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад. Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал  татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии  ҲХДТ  ҳар  як  аъзои  ҳизби  ташкилот  бояд саҳмгузор бошад.