83138 2-40-07

Муҳиддин Кабирии хоин дар пайи гумроҳкунии ҷомеаи навин аст!

Норак: Вокуниш  

Муҳиддин Кабирӣ- дар мавридҳои нахуст ҳамчун роҳбари ҳизби исломӣ, гарчанде аз наздик асло надидамаш дар расонаҳо хабарҳо мехондам ва дар сомонаи Нигоҳ саволу ҷавобашро бо омма боре тасодуфан хондам, рости дар мадди аввал гумонам аҷиб буд. Фикр мекардам одамони Худошинос, Худотарс, исломшинос ҳастанд ва барои зиндагии ҳалол талош мекунанд. Вале бо мурур аз корҳои аҷибашон дар расонаҳо дарак ёфтам, ки дини муқаддаси Исломро ҳамчун як восита истифода мебурдаанд. Яъне аз номи Ислом, вале ба коми хештан. Воқеаҳое, ки аслан бо ташаббуси Муҳиддин Кабирӣ сар заданд боз як бори дигар чеҳраи манфури ин марди тоҷикро нишон дод, ки аслан ў бозичаи давлатҳои хориҷа шудааст.

Масалан воқеаи моҳи сентябри соли 2015 аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҲНИТпайрави нақшаҳои иғвоангез буда, ният дошт, ки таҳтишиори «озодӣ мехоҳем» дар як давраи нақшавӣ ҳадафҳои худро пиёда созанд. Мақсадашон тағйир додани сохти конститутсионии кишвари ободу озоди Тоҷикистон буда, ки аз ҷониби бегонагон маблағгузорӣ мешудааст. ҲНИТ ва пайравонаш худро «Мусичаи бегуноҳ» нишондода, хешро ғамхори тоҷикон мехонданд. Дар ҳамаи баромадҳояшон аз адолату озодӣ сухан гуфта, асосан ҷавонони раҳгумзадаро таҳти нақшаи кашидаашон медаровардаанд.

Масалан аз шабакаҳои телевизионии Тољикистон филми ҳуҷҷатии Гирдоб санаи 04.09.2018 намоиш дода шуд, ки Ҳусейн Абдусамадов як тан дастгиршудаи амалиёти нангин, ки бо чанд тан ҷавонони гумроҳи дигар хориҷиёни бегуноҳро дар шоҳроҳи наздики ноҳияи Данғара ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Аз баромадҳои телевизионии худи Ҳусейн Абдусамадов маълум гардид, ки ҳануз аз соли 2003 оғоз карда ин шахс аз устодаш, ки Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович бо тахаллуси “Ќори Носир” санаи таваллудаш 29.01.1973 зодаи ноҳияи Фархор ва истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ў яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти террористӣ экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” аст ва аз соли 2015 бо моддаи 187 ќисми 2 КҶ ҶТ, яъне ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор дорад таҷриба ва илми ифротгароӣ омўхтааст. Дар ин навор Ҳусейн Абдусамадов чи гуна ба Эрон рафтан ва ҳамчунин ба Ироқ ва Сурия ва дигар давлатҳо рафтанашро муфассалтар нақл мекунад, ки ин таҷасумгари иғвоангезии роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом мебошад.

Модом, ки шумо бо забони худ иқрор мешавед, ки нақшаҳоро аз боло ба мо супориш медоданд, пас чи ҳолат аз ин худпоксозиҳо??? Яъне ҳайҳот, ки шумо кайҳо қурбони дасисаҳои мамлакатҳои хориҷа шудаед.

Пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ҳарчи зудтар ин хоинони миллати тоҷикиро аз ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум намояд. Чунки эшон на барои пешравиҳои давлати Тоҷикистон талош доранд, балки барои ноором сохтани фазои истиқлоли Тоҷикистон мекушанд.

Аслан дини Ислом дини пок аст, ки замони нузули китоби муқадаси мусулмнон “Қуръони карим” ҳастӣ намуд ва барои поксозии башарият ҳидоятҳост. Вале ин шахсони манфиатљу ҳизберо бо номи наҳзати ислом номгузорӣ намуданд ва на ба манфиати ҷомеа ву дини Ислом, балки ба манфиати гурўҳи хурде кушиданд, ки мардуми тоҷикро гумроҳ намоянд. Мутаассифона вақтҳои охир ба дассисаҳои эшон бештар ҷавонони муҳоҷир бовар карда, худро ба вартаи нокомӣ задаистодаанд.

Акнун ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон боварӣ доранд, ки Хизби наҳзати исломии Точикистон дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Аз соле, ки дар Тоҷикистон ин ҳизби террористӣ бо сардории ашхоси ватанфуруш, хоини давлату миллат, шахси фурухташуда Муҳиддин Кабирӣ, фаъолияти худро сар карда буд, кўшиш мекард, ки ҳадафҳои худ ва дархости хоҷагони хориљии худро дар Тоҷикистон пардапушона амалӣ кунанд.

Бо дастгирии мардуми шарафманди тоҷик ва аз тарафи мақомоти қудратии кишвар амалҳои ғаразноки эшон тариќи воситаҳои ахбори омма пахш карда шуд. Барои мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз мебошад, ки ҳеҷ гоҳ аз гушаи хотираҳояшон фаромўш нахоҳанд кард. Халқи тоҷик намехоҳад, ки дигарбора ба доми найрангу фиреби шахсони айёрпеша ва хоин ба мисли Муҳидин Кабирӣ гирифтор шаванд. Ягон терррорист наметавонад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу зебо нақшаҳои нопоки худро амали намояд, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳанд, ки ин ашхос дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд. Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода ва дигар шахсони гумошташуда ва хоин як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, ҳамчун ватанфурўш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд.

Насли наврас ва ояндаи тоҷик аз таърих хоҳан донист, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Кабири монандҳо барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар мебошанд. Ин ашхос таёранд, ки бо маблағҳои хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон дилхоҳ супоришу ҳадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд. Ҳатто таёранд Ватан, модар зан ва фарзандихешро бо маблағхои ҳангуфтфурушанд. Аз террорист ҳамачизро интизор бояд шуд. Зеро аз Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли ҲНИ ҳаргуна қатлу кушторро интизоршудан мумкин аст. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли ҲНИ мисли мори заҳрдор ҳастанд, ки дар камтар имконият ба мардум ва давлат мехоҳанд заҳр зананд, аммо дар ҳадафҳои нопоки худ ғарк хоханд шуд. Бояд донист, ки терорист Ватан-Модар надорад.

Дар интиҳо бояд тазаккурдод, ки дар симои ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамагон пеш аз ҳама мардуми умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Азин лиҳоз мо бояд дар мадди аввал ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандӯстиву инсонпарвариро дар қалбҳои хеш доимо дошта бошем. То душманои миллати тоҷик натавонанд ҳадафҳои нопоки хешро дар Ватани азизамон пиёда намоянд.

Ба умеди хонаободии мардуми тоҷик ва рушди босуръати Тоҷикистони азизамон доимо ҳастем ва мемонем!

Сафари Шукур – аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак