83138 2-40-07

РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ТАБИӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-юми апрели соли 2024 дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаи Чал-Чал ҷамоати деҳоти Дӯконии  шаҳри Норак омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ 3 бинои истиқоматӣ қисман ва роҳраву қӯчаҳо осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои шаҳрии ҳолатҳои фавқуллода ба кор оғоз намудаанд. Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома доранд.