83138 2-40-07

ОСОРХОНА-ОИНАИ  ТАЪРИХИ  МИЛЛАТ

Норак:  

 

"Осорхона фақат махзани ëдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи кӯҳанбунëди миллати тоҷик аст. Халқе,ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе,ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад,ҳатман осорхона бунëд мекунад ", қайд намудааст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳақиқат осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ ва тасвирҳои таърихии дар он маҳфуз буда, аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳад.

Санаи 17-уми апрели соли 2024  Боймуродов Собирҷон – роҳбари Маркази илмии фарҳанги Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва ҳамзамон котиби масъули озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” аз Осорхонаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Норак дидан намуданд.

                  Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар рафти боздид аз осорхона дар бораи сохтмони НБО-и Норак ва Бойғозӣ, аз ҳуҷҷатҳои сохтмончиён, мусаввараҳои рассомони шинохта оид ба шаҳри Норак,  маводҳои бозёфтӣ ва бостоншиносӣ, сӯзаниҳо, кулолгарӣ маълумот дод.    Дар ин ҷо аз оғози корҳои сохтмонии НБО- Норак то имрӯз ёдгориву аксҳои таърихиро дар худ ҷой додаст. Ғайр аз ин либосҳои кориву тоскулоҳҳои коргарони неругоҳ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳамчун хотираи таърихӣ  ба маърази тамошо гузошта шудааст.