83138 2-40-07

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК БАРГУЗОР ГАРДИД.

Норак:  

Имрӯз санаи 30-юми  апрели соли 2024,  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Норак  бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак узви Раёсати Кумита Маҳмадизода Хайриддин, аъзоёни раёсат, ва  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.       

Дар Маҷлиси Раёсат чор масъала,

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;

2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷорӣ. 

  Маҷлиси Раёсатро раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан кушода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак,  барои семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда гузориш дод.  

 Вобаста ба масъалаи якум якчанд нафар ба музокира баромада фикру андешаҳои худро оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ пешниҳод намуданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайрулозода Баҳодур баромад карда доир ба ташаббусҳои ҳизбӣ, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият,  ихтиёран ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ибрози андеша намуданд.   

Ҳамчунин дигар масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Раёсат гузошташуда низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд ва оид ба рафти иҷрои саривақтии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.   

Дар анҷоми маҷлис муовини раиси шаҳри узви Раёсати Кумита Норак Маҳмадизода Хайриддин баромад карда, кори ҳизбиёнро вобаста ба пеш бурдани сиёсати идеологӣ дар маҳал, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва доир кардани ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дар давраҳои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.