83138 2-40-07

ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ, БА ХИЗМАТИ ВАТАН ОМОДА БОШЕД!

Норак: Андеша  

Вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бениҳоят печидаву мураккаб аст. Ҳамарӯза шӯришу низоъҳои нави бо ном динию мазҳабӣ, аммо дар асл куштори қатлу ом пайдо шуда истодааст. Бинобар ин, ҳар як ҷавонмарди асил ва шаҳрванди комилҳуқуқро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омода бошанд.

Ҳаким Фирдавсӣ дар Шоҳномаи безаволи худ чунин фармудааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ман ҳамчун ҷавони даврони соҳибистиқлол ҷавонони бо нангу номуси кишварро даъват ба амал меорам, ки кадоме аз Шумоён шароити таҳсил кардан надоред, инак шароити мусоидест барои дохил шудан ба мактаби мардонагӣ - даъвати баҳорӣ оғоз шудааст. Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бипайвандед, то аз мактаби  мардонагӣ гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ гардед. Ва дар баробари он хизмат ба Ватан ва қарзи шаҳрвандии худро анҷом диҳед.

Имрӯзҳо дар хизмати ҳарбӣ ана ҳамон ҷавонмардони воқеӣ дар марзҳо дар ҳолати дифоъ қарор доранд, ки дар натиҷа мамлакати мову Шуморо сулҳи комил, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ҳукмфармост.

 Барои соҳиб гардидан ин арзишҳои миллӣ ҳазорҳо фидоиёни Ватан ҷони худро аз даст додаанд. Ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки дар ҳар намозаш дар ҳаққи шаҳидони Ватан дуои хайр намоянд.

Саидшоҳи Сафархон-аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак