83138 2-40-07

МО ҶАВОНОН БОЯД ЗИДДИ ҲАМАГУНА АҚИДАҲОИ БЕГОНА МУҚОВИМАТ КУНЕМ

Норак: Вокуниш  

Масъалаи  экстремизм, ифротгароӣ, тероризм яке аз  масълаҳои  ташвишовари  ҷаҳон ба шумор меравад.  Мо дар  Тоҷикистон ҳамчун шаҳрванди ин ватани зебову дорои амнияти комил оиди  чунин  масъалаҳои  доғи рӯз  бетараф буда наметавонем. Сабаби  асосии ба чунин гуруҳҳо шомилшавии  ҷавонон сатҳи  пасти  дониш, бекорӣ ва қадр накардани  арзишҳои миллӣ мебошад.

 Бинобар ин моро  зарур аст, ки ҳамеша  дар  фикри  тинҷӣ, амонӣ, озодӣ, эҳтироми қонун ва ҳуқуқҳои инсон бошем, чунки ҳама намуди ифротгароӣ  аз ақида, идея ба вуҷуд меояд ва паҳншудатаринаш ақидаҳои  динӣ мебошад.

Аз ин хотир мо ягон намуди  ифротгароиро дастгирӣ  намекунем, зеро чунин ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа барои сарнагун сохтани давлату миллат хатари воқеӣ дошта, озодии моро зери хатар мегузорад.

Сатҳи баланди  донишҳои  илмӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон метавонад дилхоҳ амалиёти чапгароиро аз   кишвар дур созад. Аз ин рӯ месазад, ки мо ҷавонони кишвар баҳри амнияту ободии ватан аз як гиребон сар бароварда, ба сӯи саодату ягонагии он сарҷамъона ба пеш равем.

Фозилзода Фарзона – волонтёри назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак аз МТМУ №4