ТЕРРОРИЗМ ЯК БАДИИ ФАРДӢ НЕСТ, БАЛКИ ОҚИБАТИ НОПОКИҲОИ ШУМОРАИ ЗИЁДИ ОДАМОН АСТ!

Левакант: Вокуниш  

 Экстремизм мисли терроризм на чеҳра дорад, на миллат ва на дин, манфиатҳои тиҷорӣ дорад, ки аз ҷониби як гурӯҳи одамон барои расидан ба ҳадафҳои худ амалӣ мешаванд. Ин мафҳумҳоро бо вирусе, ки ба инсоният сироят мекунад, муқоиса кардан мумкин нест. Онҳо ба таҷовузкорӣ асос ёфтаанд. Ба як идеология ва амалияи махсуси сиёсӣ табдил додани ифротгароӣ ва терроризм кори дасти афроди мушаххас аст. Ҳеҷ дин ба зӯроварӣ даъват намекунад, ҳеҷ кас намехоҳад фарзандони худро, ки бегуноҳ кушта шудаанд, мотам гиранд.

Ба ёд меорем Бесланро 1 сентябри соли 2004 – 1128 нафар гаравгон, 335 кушта; Норд-Ост – 916 нафар гаравгон, 130 кушта, ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москав 24 январи соли 2011 - 117 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд, 37 кушта, таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 3 апрели соли 2017 - беш аз 100 нафар захмӣ, 16 нафар кушта. Таркиш дар Миср 9 апрели соли 2017 - беш аз 150 нафар захмӣ ва  150 нафар кушта ва ғайра.

Раҳбарони гурӯҳҳои мамнӯъ ҳангоми тарҳрезии амалҳои хушунат парвое надоранд, ки одамон аз кадом миллату мазҳаб мемиранд. Мақсади асосии онҳо паст кардани ахлоқи ҷомеа ва маҷбур кардани ҷомеаро ба иҷрои талаботи худ аст. Терроризм зӯроварии оддӣ нест, ки дар он ду тараф иштирок мекунад: ҷинояткор ва ҷабрдида - як шахси сеюм низ ҳаст - ин намоиши қувва барои онҳо сурат мегирад.

Террористон ва экстремистҳо ҷинояткоранд. Амалу кирдори онҳо ба нормаҳои ахлокӣ, ақидаҳои динӣ, ҳатто ба конунҳои ҷанг мухолиф аст. Гурӯҳҳои террористӣ аз рӯи таркиби этникӣ ва мазҳабашон гуногунанд. Ҳам кишварҳои пешрафта ва ҳам дар ҳоли рушд ба зуҳуроти терроризм дучор шудаанд. Ва ба ин муносибат мубориза ба муқобили он бояд характери байналхалкӣ дошта бошад. Фақат дар сурати муттақид шудан ба муқобили ин ҳодисаҳо мубориза бурдан мумкин аст. Бояд қайд кунем, ки ҳар кас новобаста аз миллат, сатҳи даромад, ҷинс ва синну сол метавонад ба ин мубориза қодир бошад.

Тоҷидинов Ориф – муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.