ИДОМАИ АКСИЯИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Аз оғози баҳори нозанин шаҳри Левакант симои худро ба куллӣ тағйир дода, ҷомаи сабзро ба бар намуд. Либоси зебои тоҷикона, ки решаи пайдоиши он ба умқи таърих рафта мерасад ба ин зебогии  шаҳри Левакант таровати тозаи иловагиро замм менамояд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант миёни кудакону нарасони муассисаҳои таълимии томактабии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант акияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор карда шуд.

Ҳадафи асосии баргузории аксияи мазкур ин  ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, эҳтиром ба Ватани аҷдодӣ ва пешгирии тамоюли бегонапарастӣ мебошад.