ҲАФТАИ ПОСИ ХОТИР ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и шаҳри Левакант ба хотири пос доштани иштирокчиёни ҶБВ ҳафтаи поси хотир ташкил шуд.

Роҳбари Созмони хонандагон Ашуров Ҷаҳонгир ба аъзоёни фаъоли созмони хонандагони муассиса аз саҳм ва нақши иштирокчии ҶБВ Саидов Мирзо, ки омӯзгори муассиса буданду дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми назаррас гузоштаанд ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки марҳум Саидов Мирзо яке аз шахсиятҳои обруманди деҳаи Зағертут ва ҳатто шаҳри Левакант буда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан бо душман ҷангида, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додааст.

Ҳамасола дар муассиса ба хотири ин марди накуном ҳафтаи поси хотир ташкил шуда, аз қаҳрамонию родмардияш ба неки ёд меоранд...