Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дастгирии ташкилоти ибтидоии "Бобоқул Хидиров", аъзову ҷонибдорони ҳизб бо мақсади расонидани кумак ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14- и деҳаи Бобоқул Хидирови Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда, тақдим намуданд. Сохтмони муассиса оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт ҷараён дорад. Ёдовар мешавем, ки сохтмони муассисаи таълимӣ барои 256 нафар хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шуда, дар ояндаи наздик дари худро ба рӯи омӯзгорону толибилмон бо шароити хуби муосир боз хоҳад кард.