ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Муротеппа ба аёдати сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии 6-Кайҳон отряди сарҳадии қисми ҳарбии 0317 рафтанд.Нахуст Шаҳло Саидмуродова раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав сарбозонро бо 79-умин солгарди Ғалабаи Иттифоқи Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳимояи Ватан ва марзу буми кишвар музаффариятҳои беназир орзу намуд. Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав барои сарбозон дастархони идона ороста намуданд.

Дар байни толибилмони муассисаи таълимии рақами 3-и ноҳия ва сарбозон дар майдончаи варзишии Дидбонгоҳ мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки бо натиҷаи 10:6 ба фоидаи сарбозон анҷом пазируфт.
Сипас аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба командири калон полковник Нуров Далер ва майор Қаюмов Тоҳир ифтихорнома ва ба сарбозон китобҳо тақдим гардид.