ВОХӮРӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Н.Хусрав:  

Санаи 06.05.2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии Насриддинзода Нурулло, прокурори ноҳия бо фаъолон оид ба сабабу омилҳои содиршавии ҷинояткорӣ, аз ҷумла, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта дар байни шаҳрвандони ноҳия оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муҳтавои баъзе паҳлуҳои он вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ноболиғон ва ҷавонон” баргузор гардид.

Прокурори ноҳия дар назди фаъолон баромад намуда, қайд намуд, ки вазифаи асосии фаъолони ноҳия ин пайваста дар байни мардум ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафҳои ифротӣ ва эҳсоси ватандӯстиро дар дили ҷавонон бедор намудан аст.
Ҳамчунини дигар прокурори ноҳия оид ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” дар назди фаъолон маърӯза намуда, иброз намуд, ки мақсади асосии Паём вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки рисолати ба дӯшамон вогузоштаро софдилона ва содиқона иҷро намоем ва дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳми муносиб гузорем, гуфт дар фарҷоми маърӯзааш прокурори ноҳия.