ҒИЗОИ СОЛИМ – ЗАМИНАИ АСОСИИ СОЛИМИИ ИНСОН

Н.Хусрав: Андеша  

Истемоли дурусти ғизо метавонад ба рушди ташаккулёбии организми инсон таъсиргузор мебошад. Зеро ғизои солим бо витаминҳои ба организм лозим буда, бой аст. Ба ақидаи кормандони тибб бояд инсон ҳамарӯза аз ғизои дорои витаминҳои зарурӣ истеъмол намояд. Ғизои дуруст ин асоси некӯаҳволӣ ва тарзи ҳаёти  солим мебошад. Ҳар он чизе, ки инсон истеъмол менамояд, ба намуди  зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсири хуб мебахшад. Ҳар як шахс бояд ҳамарӯза тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро риоя намуда, баҳри солимии хуб аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Вобаста ба дурустии истеъмол намудани ғизо, моро мебояд ба тарзи истеъмоли дурусти он, аз ҷумла чӣ гуна истеъмол намудани хӯрок, инчунин дар таркиби хӯроке, ки истеъмол менамоем, чӣ гуна калорияҳо мавҷуд аст, аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем. Бояд гуфт, ки тарзи дуруст истеъмол намудани ғизо рушди ҳаёт ва саломатии бадани ҳар як одамро таъмин мекунад, аз ҷумла чӣ истеъмол намудани хӯрок, инчунин дар таркиби хӯроке, ки ки истеъмол менамоем, чи гуна калорияҳо мавҷуд аст, ки аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем.

Ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ғизо ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи саломатии сокинони сайёра мебошад. Бояд гуфт, ки бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулотҳои ғизо буда, ҳаряк нафарро мебоя, ки ғизоро оқилона ва самарабахш истемол намояд.

Ҳамзамон таҳлилҳонишон медиҳанд, ки  кӯдакони дорои нуқсон аз рӯи норасоии ғизои солим ва меъёри муайян истеъмол накардани хӯрок ба ин ҳолат дучор мешаванд. Бояд гуфт, ки тановули дурусти ғизо имкон медиҳад, то кӯдакон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ пурра ташаккул ёбанд.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ пайваста таъкид менамоянд, ки бояд кӯдакону наврасон аз хӯрдани хӯрокҳои тезтаёр, обҳои газнок, шириниҳои сарироҳи даст бикашанд, зеро истеъмоли чунин ғизоҳо боиси номуккамал инкишоф ёфтани организми онҳо мегардад. Мавриди зикр аст, ки давлату ҳукумат истеъмоли чунин ғизоҳо боиси номуккамал инкишоф ёфтани организми онҳо мегардад.

Ба андешаи табибон ба хотири солим ба дунё омадани кӯдак бояд модар хӯрокҳо серғизо истеъмол намояд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади пешгирии норасоии ғизо, баланд бардоштани маърифати тиббии занони ҳомила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 то инҷониб Роҳнамоии солимии модару кӯдак ва моҳи майи соли 2020 Барномаи миллии комуникатсионии “Ҳазор рӯзи аввали ҳаёт” таҳия ва тасдиқ гардидааст. Бо таъкиди кормандони тиб бояд кӯдакону наврасон дар як рӯз аз 3 то 4 маротиба хӯрок тановул намоянд, чунки тез-тез истеъмол кардани хӯроки гарму сарғизо муҳим буда, имкони баланд бардоштани системаи имунии кӯдак мегардад. Дар он ҳолат аз гирифторӣ ба бемориҳои мавсимӣ , аз ҷумла зуком раҳои меёбанд. Чун дар сурати таъмин гардидани ҳама намуд витамину ғизои лозима дар организми шахс имунитет баланд гардида, он вақт ҳама гуна микробҳоро тавони нобуд кардан дорад. Пас лозим меояд, ки барои пурра ташаккулёфтани организми хурдсолон ҳамарӯза онҳоро бо ғизои солим таъмин намуд.  

 Ҳимматов Чорӣ - Директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Носири Хусрав