Роҳҳои дохили деҳаҳо сангфарш мешаванд

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                                         

Бо  мақсади  истиқболи   сазовори  35-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  ободонию созандагиро  ба  роҳ  монда,  амалисозии   дастурҳои    роҳбарияти  болоии  ҳизб дар ҳамкорӣ бо    ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ   як қатор корҳои ободониро роҳандозӣ  намуда  истодааст.

Ин навбат бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ва  дастгирии  сокинон,  аъзои  ҳизб аз     ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  "Қоркамар"-и Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  гардида, роҳи даромади  деҳа, ки дар ҳолати   таъмирталабӣ  қарор  дошт, ба   масофаи  зиёда аз  2,5 километр  сангфарш  карда шуд.